Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи ҳастаии Эрон дар Истамбул идома меёбад


Гуфтушуниди Эрон ва шаш кишвари пешрафтаи ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон охирҳои моҳи январ дар Истамбул идома хоҳад кард. Дар ин бора раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон баъд аз анҷоми музокироти дурӯза дар Женева хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо дар Туркия масоили мушаххаси амалиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳайатҳои шаш кишвари пешрафтаи олам ва Эрон музокироти Женеваро “созанда” арзёбӣ намуданд ва аммо, ба навиштаи хабаргузориҳо, Теҳрон барои қатъи ғанисозии ураниум розӣ нашудааст.
Аз ин пеш Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, эълом дошт, музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар фақат замоне муваффақ хоҳанд шуд, ки ҳамаи таҳримҳо алайҳи Теҳрон дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон лағв шаванд.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
Музокирот дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон дар Женева баъд аз таваққуфи тақрибан яксола аз сар гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG