Пайвандҳои дастрасӣ

Муассиси WikiLeaks боздошт шуд


Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks

Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks

Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks, ахиран аз сӯи полиси Бритониё дастгир шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, боздошти ӯ бар пояи дархости додситонии Шветсия сурат гирифтааст. Ва аммо ҳанӯз ба Шветсия истирдод шудан ё нашудани Ассанҷ маълум нест.

Марк Стивенс, вакили дифоъи Ассанҷ, изҳор намуд, ки фарди таҳти ҳимояташ ба системи додгоҳии Шветсия эътимод надорад ва омода аст, ки бо мақомоти полиси Бритониё музокирот кунад. Марк Стивенс афзуд, ки додситонии Шветсия аз ироаи далелҳои ҷиноётҳои содирнамудаи Ассанҷ сарпечӣ кардааст.

Пойфишории Шветсия барои боздошту истирдоди Ассанҷ

Аз ин пеш, хабаргузориҳо навишта буданд, ки Ҷулиан Ассанҷ дар қаламрави Бритониё ба сар мебарад ва полиси кишвар дар бораи макони буду боши ӯ иттилоъи дақиқ дорад. Ва аммо бар асари як иштибоҳ дар дастури боздошти Ассанҷ, ки мақомоти Шветсия роҳ додаанд, кормандони полис аз имкони боздошти муассиси маъруфтарин сомонаи интернетии имрӯз маҳрум буданд.

Ба гуфтаи полиси Шветсия, мақомоти Бритониё хостори дақиқ кардани ҳама муҷозот барои ҷиноёте шудаанд, ки Ассанҷ дар онҳо айбдор мешавад. Дар дастури пешин, фақат шадидтарин ҷазо барои сангинтарин ҷинояти содиркардаи Ассанҷ сабт шуда, додситонии Шветсия зикр кардани муҷозот барои дигар ҷиноётеро, ки ӯ муттаҳам мешавад, “фаромӯш карда буд”.

Номаҳое, ки эътимодро аз байн бурданд?

Муассиси WikiLeaks бар пояи аризаи ду хонум дар таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ гумонбар мешавад. Ахиран Интерпол бар асоси дархости мақомоти Шветсия Ҷулиан Ассанҷро мавриди кофтукови байнулмилалӣ қарор дод.

Аммо Ассанҷ иттиҳоми додситонии Шветсияро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки таъқибу фишор болои ӯ - вокуниш ба нашри асноди сиррӣ дар сомонаи WikiLeaks мебошад. Ҳафтаи гухашта WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард.

Вокуниш ба ин мукотибаи дипломатӣ гуногун аст – бештари сиёсатмадорон фошгӯиҳои WikiLeaks-ро нодида мегиранд. Ва аммо ба гуфтаи коршиносон бархе аз ин номаҳо метавонанд боиси моҷароҳои ҷиддии сиёсӣ шаванд. Онҳо, аз ҷумла, ба номаи сафири ИМА дар Кобул Карл Эйкенберрӣ ишора мекунанд, ки дар он раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай “ҷунунӣ”, “заъиф” ва “басо шармгин” номида шудааст.

Дар яке аз санадҳо, дипломати амрикоӣ Карзайро дар он айбдор кардааст, ки оддитарин принсипҳои давлатдориро намедонад. Дар нома фасоди мақомоти давлатӣ дар Афғонистон чун як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ шудааст. Дар мукотиба аз вазирони ҳукумати Афғонистон ҳам ёдоварӣ шудааст – ба иттилоъи сафири Амрико дар Кобул, вазири кишоварзии Афғонистон ягона мансабдори воломақом аст, ки дар ришвату фасод даст надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG