Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии даъвои вазорати кишоварзӣ ва "Миллат" дар додгоҳ


Баррасии баҳси мутақобилаи миёни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи мустақили сиёсии «Миллат» баъд аз зуҳри имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин мурофиа аз моҳи март то кунун ба таъхир афтода буд.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ баъди чандин моҳи ворид шудани аризаи даъвогии вазорати кишоварзӣ ва баъдан нашрияи "Миллат", акнун имрӯз ба баррасии моҳияти даъвои ҷонибҳо оғоз кардааст.

Ҳарду ҷониб ба хулосаи экспертизаи забонии матлаби мавриди баҳси нашрнамудаи "Миллат", аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳот ошно шудаанд.

Чанд муддати ахир баррасии додгоҳии мазкур ба далели дарёфти хулосаи коршиносии забонӣ ба таъхир афтода буд.

Баррасии додгоҳии имрӯз пушти дарҳои баста баргузор шуда ва додгоҳ ба ҳарду ҷониб то 15 -уми декабр барои ироаи санаду далелҳои худ ба сурати хаттӣ, фурсат додааст.

Даъво бар сари чист?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби нашркардаи ҳафтаномаи “Миллат” дар моҳи декбари соли гузашта, таҳти унвони “Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод” ба додгоҳ шикоят бурда, ин матлабро тӯҳматомез номидааст. Вазорати кишоварзӣ хостори пардохти 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима аз сӯи «Миллат» шудааст.

Масъулини нашрияи “Миллат” иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо хабари фасодзадагӣ дар вазорати кишоварзиро бо такя ба гузориши раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи порлумон нашр кардаанд.

Ва дар навбати худ нашрияи «Миллат» низ аз болои вазорати кишоварзӣ ба додгоҳи мазкур шикояти мутақобил бурда, хостори пардохи 1 сомонӣ ҷарима аз сӯи вазорати кишоварзӣ шудааст.

Мақомоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, «ҳарчанд ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, вале бо вуҷуди талаби исботи арқоми овардашуда, ҳафтанома ҳуҷҷатеро дар ин замина пешниҳод накардааст».

Аммо масъулини «Миллат» мегӯянд, ба иловаи ин ки нашрия посухи вазорати кишоварзиро дар ин бора нашр кардааст, дар муқобили иддаои ин ниҳоди давлатӣ далели собите, аз ҷумла гузориши Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон (даъвати қаблӣ) ва маводҳоеро, ки қабл аз ҳафтаномаи «Миллат» дар ин бора чоп шудааст, дар даст доранд.

Ва бар асоси банди 36 Қонуни матбуоти Тоҷикистон, ҳафтанома барои нақли қавли вакили Маҷлиси намояндагон посухгӯ намебошад.

Парвандаи нашрияҳои дигар?

Дар ҳамин ҳол, бозрасии даъвои додрасонҳо Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Фахриддин Додометов алайҳи се нашрияи мустақили Тоҷикистон – “Азия-плюс”, “Фараж” ва “Озодагон” дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчунон матраҳ аст.

Додрасҳо аз се нашрияи мустақили чопи Душанбе ва вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев барои нашри як матлаби, аз нигоҳи онҳо, саропо бӯҳтону тӯҳмат маблағи бузурге товон хостаанд.

Созмонҳои хабарнигории дохилӣ ва байналмилалӣ боз шудани парванда алайҳи рӯзномаҳо дар додгоҳҳородар Тоҷикистон навъе фишор ба матбуот ва озодии баён унвон карда ва аз мақомот хостори қатъи чунин парвандаҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG