Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вита Сибулска дуввумин нозанини Осиё эълон шуд


Вита Сибулска, як духтари тоҷикистонӣ, дар озмуни маликаи ҳусни Осиё ҷойи дуввумро соҳиб шуд. Ба иттилоъи хабаргузории Синхуа, озмун шоми рӯзи душанбе дар шаҳри Хэфей, маркази вилояти шарқии Анхои Чин бо пирӯзии Ван Син, намояндаи Чин, поён ёфт. Мақоми саввум ҳам насиби намояндаи Чин гардид.
Барои тоҷи маликаи ҳусни Осиё 18 нозанин аз кишварҳои гуногуни қора мубориза бурданд. Бори аввал ба озмун ғолибони озмунҳои вилоятии Чин ҳам роҳ дода шуданд.
XS
SM
MD
LG