Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон пирӯзии мухолифин дар Соҳили Оҷро эътироф кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз раҳбари феълии кишвари Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо даъват кард, ки қудратро ба фарди дар интихобот пирӯз интиқол диҳад. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба намояндаи Кохи Сафед навиштааст, ки Вошингтон пирӯзии раҳбари мухолифин ва сарвазири собиқи Соҳили Оҷ Алласан Уаттарро эътироф мекунад.
Бар асари бенизомиҳо баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Соҳили Оҷ дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҷонибдорони мухолифин мегӯянд, ки номзадашон дар интихобот пирӯз шудааст ва аммо раисиҷумҳури феълӣ бохтро қабул карданӣ нест.
Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвари воқеъ дар ғарби Африқо рӯзи 28 ноябр баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG