Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хурӯҷи бритониёвиҳо аз Афғонистон соли оянда шурӯъ мешавад


Хурӯҷи нерӯҳои бритониёвӣ аз Афғонистон шояд соли оянда шурӯъ шавад. Дар ин бора нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон имрӯз зимни сафараш ба Афғонистон изҳорот пахш кард. Ӯ ҳадсзаниҳо дар мавриди аз ӯҳдаи вазифаи ҳарбияшон набаромадани низомиёни кишвар дар вилояти Ҳилмандро рад намуд. Бар пояи иттилоъи сомонаи WikiLeaks, чунин иттиҳом дар бархе аз номаҳои дипломатҳои амрикоӣ ҷой дошт.
Дар Афғонистон айни ҳол беш аз нӯҳу ним ҳазор афсару сарбозони бритониёвӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG