Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби бузкашии Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи Қаҳрамони Меҳнати Сусиёлистӣ Ҳасанбой Аскаров дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон соҳиби нишони биринҷӣ шуд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Мирзоалӣ Холов, раиси Федеросиюни бузкашӣ ва аспдавонии Тоҷикистон, хабар дод.

Вай гуфт: «Дар ин мусобиқа, ки барои бори нӯҳум баргузор шуд, дастаҳои мунтахаби бузкашии Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Чин ширкат доштанд. Човандозони мо бар дастаҳои Қирғизистон, Чин ва Муғулистон пирӯз шуда, аз тими Қазоқистон мағлуб гаштанд. Баъдан дастаи Тоҷикистон барои касби ҷои саввум бар тими Русия ғалаба кард. Дастаи аввали Қазоқистон ғолиби ин мусобиқа шуд. Тими дуввуми мизбонон ҷои дуввумро гирифт».
XS
SM
MD
LG