Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, як махфигоҳи аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро ошкор ва мусодира карданд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КАМ-и Тоҷикистон гуфт, ин махфигоҳ дар мавзеи Мазори кӯҳнаи деҳаи Навдонаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт ошкор шудааст.

Ба гуфтаи Бӯриев, аз ин махфигоҳ се автомати Калашников, як милтиқ, панҷ адад норинҷаки дастӣ, се адад гулӯлаи гранатамёт, як мина, се килограм маводи тарканда ва миқдори зиёди тирҳои мухталиф дарёфт ва забт шуданд.
Ҳамчунин ҷаноби Бӯриев таъкид кард, ки таҳқиқ мушаххас кардааст, ки ин ҳама аслиҳаву муҳимот ба гурӯҳи Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ тааллуқ дошта ва ба ҳадафи анҷоми амалиётҳои терористӣ дар мавзеҳои душворгузари ноҳияи Рашт, ҳангоми фирор пинҳон карда шудаанд.

Масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар кашфу мусодираи махфигоҳи аслиҳа дар ноҳияи Рашт, саҳми сокинони ин минтақа, ба хусус ҷавононро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Зимнан, дар як моҳи пеш, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар дараи Камароб, маҳаллии аслии даргириҳо миёни неруҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов, мулаққаб бо Алии Бедакӣ махфигоҳҳоеро бо захираи аслиҳаву дорувор ва маводи ғизоӣ кашф карда буданд.

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Алии Бедакӣ ба думболи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ ва кушта шудани 25 сарбозу афсари ин вазоратхона дар рӯзи 19 -уми сентябр оғоз шуд.

Мақомот Алии Бедакӣ ва ҳамроҳони ӯро масъули ҳамла ба корвони мошинҳои артиши миллиро медонанд.

Аммо то кунун, бо гузашти дувуним моҳ аз оғози ин амалиёт нишоне аз худи Алии Бедакӣ пайдо нашудааст.
XS
SM
MD
LG