Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раиси радиои Озодӣ бо нахуствазири Қазоқистон


Дар давоми се рӯзи боздиди худ аз Қазоқистон Ҷеффрӣ Гедмин-раиси Радиои Аврупои Озод, радиои Озодӣ бо Карим Масимов-нахуствазир, аъзои аршади порламон, рӯзноманигорони маҳаллӣ ва раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот кард. Дар Остона Гедмин ва Масимов дар бораи сарнавишти ояндаи маркази маҳаллии пахши барномаҳои радиои Азаттиқ ва имкони пахши барномаҳо рӯи амвоҷи FM сӯҳбат карданд. Дар бораи ташкили як телевизиони муштарак низ сӯҳбат дар миён буд. Гедмин гуфт, баррасиҳои ман бо нахуствазир ва соири мақомоти ҳукумати Қазоқистон ошкор ва созанда буд. Мо ҳама умедвори фазои бештари боз ва озодии бештари матбуот дар Қазоқистон ҳастем. Бахши Азаттиқ-и радио аз соли 1953 ба ин сӯ сарчашмаи муҳими мустақили иттилоъ барои мардуми Қазоқистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG