Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тарҳи қатъномаеро ба СММ пешниҳод кард


Ахиран бо ибтикори Тоҷикистон дар СММ ҷаласаи вижае роҷеъ ба ҳамкориҳо ва муколама барои истифода аз захоири об баргузор шуд. Дар ин ҷаласа қатъномаи пешниҳодии Тоҷикистон чун қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ баррасӣ шуд. Дар сурати тасвиб ин қатънома чун "Қатъномаи Маҷмаи Умуии СММ дар бораи "Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013" мунташир хоҳад шуд. Дар ҷаласаи мазкур ба ҷуз аз кишварҳои узви СММ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва соири созмонҳои байналмиллалии ғайридавлатӣ, ки дар СММ сабти ном шудаанд, ширкат доштанд. Сироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ гуфт, ширкаткунандагони ҷаласа ба хулосае расидаанд, ки танҳо аз роҳи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ дар сатҳҳои мухталиф метавон ҳали масъалаҳои вобаста ба обро таъмин намуд.
XS
SM
MD
LG