Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазоратҳои дохилаи Русияву Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд


Дар Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми муштараки вазоратҳои дохилаи Тоҷикистону Русия анҷом ёфт. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон пас аз анҷом ба хабарнигорон гуфт, мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавзӯҳои калидии ҷаласаи муштарак будаанд. Оқои Қаҳҳоров ин зуҳуротро ба амният ва рушди иқтисоди Тоҷикистону Русия хатари ҷиддӣ хонд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бахусус таъкид кард, ки нақши ҷаласаҳои муштараки ниҳодҳои ду кишвар дар боздошти аъзои гурӯҳҳои созмонҳои ҷиноӣ муассир будааст. Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилии Русия низ бар аҳамияти вижа доштани мубориза бар ҷинояткории муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷустуҷӯи ҷинояткорон таъкид дошт. Вай гуфт, аз соли 2008 то моҳи октябри соли равон дар ҳудудҳои Русия 290 нафарро бо дархости Тоҷикистон боздошт кардаанд. Вай афзуд, Тоҷикистон дар ин давра 345 нафарро ба нафъи Русия боздошт кардааст. Вазири корҳои дохилаи Русия гуфт, дар доираи амалиёти байнулмилалии «Ҷустуҷӯ» Русия 12 ва Тоҷикистон 33 дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG