Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирати кории занони тоҷик дар ҳоли афзоиш аст


Муҳоҷирати кории занони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора Қиматгул Алибердиева-муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба иттилои раёсати муҳоҷиратии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳоло 36 457 нафар занони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд. Аксарияти мутлақи онҳо дар Русия дар бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар машғули корҳои гуногунанд. Ба гуфтаи хонум Алибердиева, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 49 зан оварда шудааст. Умуман дар 10 моҳи соли ҷорӣ бештар аз 400 ҷасади муҳоҷири кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
XS
SM
MD
LG