Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи аввали музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар Женева


Гузоришҳо ҳокист, ки рӯзи аввали музокироти кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо Эрон дар бораи барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш ба поён расидааст. Мақомоти расмии ғарбӣ гуфтаанд, мунозирот дар бештар аз ним сол бори аввал рӯзи сешанбе шурӯъ мешавад. Катрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо раҳбарии ҳайати музокираи шаш кишвари муҳими ҷаҳонро бар ӯҳда дорад. Ба ин кишварҳо Британияву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Амрико шомиланд. Манучеҳр муттакӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар ҷараёни боздидаш аз Афина-пойтахти Юнон роҷеъ ба оғози ин музокирот изҳори хушбинӣ кард:

"Умедворем музокироте, ки шурӯъ шуд, баъд аз фарозу нишебҳои фаровон иродаи ҷиддии сиёсӣ, ва тавъам шуданаш бо музокироти созанда уфуқҳои ҷадидеро барои ҳамкорӣ эҷод кунад".


Кишварҳои ғарбӣ умедворанд, ки музокира бо Саид Ҷалилӣ- раиси ҳайати музокираи Эрон барои ҳали масъалаи барномаҳои ҳастаии Эрон ба пешрафт даст хоҳад ёфт ва Эрон ғанисозии уранро қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG