Пайвандҳои дастрасӣ

Шветсия ҳисоби бонкии муассиси Wikileaks-ро баст


Бонки почтаи Шветсия мегӯяд, ҳисоби бонкие, ки Ҷулиан Ассенҷ-муассиси Wikileaks боз карда буд, бастааст. Бонк гуфтааст, Ассенҷ ҳангоми боз кардани ҳисоби мазкур дар бораи ҷои иқомати худ маълумоти дурӯғ додааст. PostFinance танҳо барои шаҳрвандони Шветсария ва Шветсия иҷозаи боз кардани ҳисобро медиҳад. Wikileaks садҳо номаи махфии дипломатҳои амрикоиро ба табъ расонд ва бад-ин тариқ мавриди хашми ҳукумати Амрико қарор гирифт ва он боиси бастани сомонаи интернетии Wikileaks шуд. Арзакунандагони хадамоти интернетии Амрико ба сомонаи Wikileaks хадамоти интернетӣ пешниҳод мекарданд. PayPal аз ҷумлаи пешкашкунандагони чунин хадамот буд.
XS
SM
MD
LG