Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти ҳастаии Эрон дар Женева аз сар гирифта шуд


Имрӯз дар шаҳри Женева музокироти миёни Эрон ва шаш кишвари пешрафтаи олам шурӯъ шуд. Ин музокирот дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон баъд аз таваққуфи тақрибан яксола аз сар гирифта шудааст. Ҳайати шаш кишвари пешрафта - Бритониё, Чин, Фаронса, Русия, Амрико ва Олмонро вазири хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Катрин Эштон сарварӣ мекунад. Раҳбарии ҳайати Эронро Сайид Ҷалилӣ, Дабири Шӯрои амнияти миллии кишвар бар дӯш дорад. Кишварҳои пештғрафта мехоҳанд дар ин гуфтушунид Теҳронро барои даст бардоштани аз идомаи ғанисозии ураниум мутмаин месозанд. Ва аммо Сайид Ҷалилӣ қабл аз музокирот эълом дошт, ки Теҳрон мавзӯъи қатъи ғанисозии ураниумро баррасӣ нахоҳад кард.
Дирӯз мақомоти Эрон гуфтанд, онҳо моддаи барои ғанисозии ураниум заруриро тавлид кардаанд, ки аз ин баъд ҳамчун ашёи хом барои ғанисозии ураниуми дохилӣ истифода хоҳад шуд.
Кишварҳои ғарбӣ ҳадс мезананд, ки Эрон талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дорад ва аммо Теҳрон ҳар дафъа ба аҳдофи осоишта доштани барномаи ҳастаияш таъкид мекунад.
XS
SM
MD
LG