Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи барномаи рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ


Раванди иҷрои марҳилаи саввуми Барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон”, ки барои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва ҳамчунин беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат дар ин кишвар таҳия шудааст, рӯзи 7-уми декабр дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Ин лоиҳа аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, иҷрои марҳилаи саввуми он дар моҳи сентябри соли 2009 оғоз ёфтааст.

Кумитаи назоратии лоиҳа бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳа, шаффофият дар кори амалигардонии он ва замонати посухгӯ будани натоиҷаш ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Намояндаҳои як силсила ниҳодҳои давлатӣ, СЕКО, МБТ ва бахши хусусӣ узви Кумитаи мазкур мебошанд.

Анна Швартс, намояндаи СЕКО, созмони маблағгузори лоиҳа, фаъолияти онро пурсамар номида, кори онро дар роҳи рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон муассир медонад. Ӯ дар тақвияти баҳои худ ба фаъолияти лоиҳа аз маҳсули кори он мисолҳо меорад, аз ҷумла он ки бо мусоидати лоиҳа Стротежии рушди содирот барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон омода гардид; корхонаҳои соҳа дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Порис ва Шонҳой иштирок карданд; таҳқиқоти бозори маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия анҷом шуд; озмоишгоҳҳои маводи ғизоии Тоҷикстандарт дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд мувофиқи меъёри ISO/IEC 17025 аккредитатсия шуданд.

Фарзона Тилавова, намояндаи ширкати консалтингии «Камолот-1», мегӯяд, ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ба онҳо имкон дод, то ширкати худро таъсис бидиҳанд. Ин ширкат хадамоти таълим ва татбиқи меъёрҳои ИСО-ро ба мизоҷон пешниҳод мекунад ва аввалин ширкати ироагари чунин хадамот дар Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG