Пайвандҳои дастрасӣ

Шабаҳи Ҳаракати исломии Узбакистон дар Тоҷикистон


Тоҳир Юлдош, собиқ раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон

Тоҳир Юлдош, собиқ раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон

Бархе аз расонаҳои хабарӣ ва коршиносон рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон, аз ҷумла ҳодисаҳои Рашт, таркиш дар Хуҷанд ва нооромиҳо дар Исфараро ба фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон бастагӣ медиҳанд.

Чанде аз коршиносон даргириҳои ахир дар Уши Қирғизистон ва кашфи миқдори зиёди маводи мунфаҷира дар Уш ва Бишкек ва ҳамчунин тарҳи як ҳамлаи террористӣ дар Аврупоро ба Ҳаракати исломии Узбакистон пайванд медиҳанд ва дар ин зимн аз бозгашти он ба саҳна сӯҳбат мекунанд.

Бозгашти ҲИУ ба саҳна?

Зиёда аз даҳ сол пеш Ҳаракати исломии Узбакистон бо як ҳамлаи террористӣ дар кӯҳдомани Помир аз хеш ба ҳайси пурситезтарин гурӯҳи мусаллаҳ хабар дод, вале баъдан ҳазорон километр дур аз ин ҷо дар дараҳои кӯҳии Вазиристони Покистон солҳо сукут варзид ва акнун дар шакли нав, аммо бо ҳадафҳои бетағйираш ба саҳна бозгаштааст.

Ҳадафи асосии он - сарнагуни ҳукумати Узбакистон ва бунёди як давлати исломӣ дар қаламрави ин кишвар бетағйир мондааст, аммо пас аз як давраи пинҳонӣ дар шимолуғарби Покистон ҳадафҳои ин гурӯҳ фарохтар шудаанд. Бо ҳамлаҳои ахир дар Рашт ва таркиши хунин дар Хуҷанди Тоҷикистон, тарҳи ҳамла дар Аврупо, даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Қирғизистон ин гурӯҳ ба навъе бозгашт ба саҳнаро эълон кардааст. Ҳоло он талош дорад, шимоли Афғонистонро ба паноҳгоҳи хеш табдил ва нуфузаш дар Осиёи Марказиро таҳким диҳад

"Бадарға аз Вазиристон"


Коршиноси умури минтақа, пажӯҳишгари покистонӣ Аҳмад Рашид мегӯяд, дар муддати, ба истилоҳ, "бадарға дар Вазиристон" гурӯҳи як замон кӯчак густариш ёфт ва ҳам бо ширкат дар амалиёти Ал-Қоида, Толибони Покистон, Толибони Афғонистон, гурӯҳи Ҳаққонӣ ва даргириҳои байниҳамии ҷиноҳҳои ситезаҷӯй таҷрибаи ҷангӣ ҳосил кард.

Дар моҳи феврали соли 2008 як инфиҷор дар шимолуғарби Покистон дубораи номи Ҳаракати исломии Узбакистонро сари забонҳо кард. Ин сӯиқасде ба Афросиёби Хаттак, сиёсатмадори дунявии паштун буд, ки аз ҳамла ҷон ба саломат бурд, ҳарчанд барои як муддат аз гӯши шунаво маҳрум гашт. Дар таркиши Шабқадар, ҳангоми суханронии Хаттак дар назди мардум 25 нафар кушта шуданд.

Хаттак, раҳбари Ҳизби миллии авомӣ ва узви палатаи болоии порлумони Покистон мегӯяд, таҳқиқоти ҳукуматӣ нишон дод, ки ин таркиши худкушона аз тарафи як узви Ҳаракати исломии Узбакистон ба амал омадааст. Чанде узви ҷунбиш дар ҳамлаи густардаи нерӯҳои давлати Покистон дар водии Свот асир афтоданд.

Омезиш бо Ал-Қоида

Афросиёби Хаттак, сиёсатмадори дунявии паштун, соли 2008 мавриди сӯиқасди ҲИУ қарор гирифта буд
Ба ақидаи Хаттак, имрӯз Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳҳое, ки аз он ҷудо шудаанд, бо Ал-Қоида омехта, бахши умдае аз размандагони қатории ситезаҷӯ дар минтақаи қабиланишинро ташкил мекунанд.

Ӯ гуфт: "Ҳарчанд сарони Ал-Қоида арабанд, мутахассисони он аз афроди зодаи Осиёи Марказист. Аз рӯи қавм онҳо узбак, чечен ва мусулмонҳое аз манотиқи ҷанубии Русияанд. Онҳо фақат касоне нестанд, ки муддати дароз дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, балки афроди наверо аз Осиёи Марказӣ ба сафи худ даъват мекунанд ва аз ин ҷо ба шимоли Афғонистон мераванд, то дар дохили Осиёи Марказӣ ҳамлаҳо барпо кунанд."

Ин бозгашт аст, аммо на дар он шакли аввалия. Ин ҳам ҳаст, ки Ҳаракати исломии Узбакистон ҳалокати муассиси хеш, Тоҳир Юлдошро як рӯз пас аз ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Вазиристони Ҷанубӣ дар 27-уми августи соли 2009 эътироф кард. Усмон Одил раҳбари нави ҳаракат эълон шуд, аммо дар бораи ҳувияти ҳақиқии ӯ иттилои зиёде дастрас нест.

Таҳаввули ҲИУ ва ҳадафҳои нав

Дар ибтидо, Ҳаракати исломии Узбакистон асосан мақсад дошт, ҳукумати худкомаи Узбакистонро сарнагун кунад, аммо он гурӯҳҳои наверо ба дунё овард, бузургтар шуд ва ҳоло ҳадафҳои фарохтаре дорад.

Аҳмад Рашид мегӯяд: "Чанд таҳаввул пеш омадааст. Аввалан ин ҷунбиш ба порчаҳо тақсим шуд. Ҳоло чандин гурӯҳе ҳаст, ки зоҳиран, аз Ҳаракати исломии Узбакистон сар баровардаанд. Аз ҷумла Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ва Толибони Осиёи Марказӣ. Мо дақиқ намедонем, ки ин гурӯҳҳо чигуна шакл гирифтанд, аммо эҳтимолан бо талошҳои Ал Қоида ба хотири ҳифзи назорат бар ин гурӯҳҳо."

Баъд аз марги Тоҳир Юлдош раҳбарии ҲИУ-ро Усмон Одил бар дӯш гирифтааст
"Толибони Осиёи Марказӣ"


Дар бораи гурӯҳе, ки худро "Толибони Осиёи Марказӣ" меномад, иттилоъ кам аст. Шояд ба иллати он ки ин гурӯҳ хеле махфӣ ва дар минтақаи ноамн амал мекунад. Аммо Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ, ки гоҳе бо номи Гурӯҳи Ҷиҳоди Исломӣ ёд мешавад, як ҳамла дар Узбакистон анҷом дод ва ҳам замоне аз он ёд шуд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин зиёда аз 10 узваш дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуданд.

Хадамоти иктишофии Ғарбӣ мегӯянд, ин гурӯҳ ҳадаф дорад, як ҳамлае ба сабки ҳамлаи Мумбай дар Аврупо анҷом диҳад. Қарор аст, он ва ҳам худи Ҳаракати исломии Узбакистон барои ин аз диаспораи туркӣ дар Олмон истифода кунад. Иттиҳоди ин гурӯҳҳо ба зуҳури Ал Қоидаи туркӣ замина хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи Аҳмад Рашид, рӯйдодҳои соли 2005 дар Андиҷон, яъне тирборони тазоҳуркунандагон аз тарафи нерӯҳои давлати Узбакистон ва ҳам вазъи феълии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ афродеро ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон ё ҳамдастӣ ба он таҳрик медиҳанд.

Ба ақидаи ӯ, ин як занҷираи мутақобила аст, ки пас аз ҳамлаҳо фишор ба исломгароён сар мешавад ва ин исломгароён бо фирор аз фишори давлатҳо дар гурӯҳҳои тундрав паноҳ меёбанд.

Ҷамоати Ансоруллоҳ - маҳсули ҲИУ?


Моҳи сентябр, корвони мошинҳои ҳарбии Тоҷикистон дар Камароб ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бар асари он 23 сарбози Тоҷикистон кушта шуданд. Сипас, таркиши худкушона дар Хуҷанд чанд кушта ва наздик ба 30 захмӣ ба ҷой гузошт. Гурӯҳе бо номи Ҷамоати Ансоруллоҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт, аммо ибтидо мақомот ба Ҳаракати исломии Узбакистон ишора мекарданд ва акнун гуфта мешавад, Ансоруллоҳ як маҳсули Ҳаракати исломии Узбакистон аст.

Мақомти давлати Покистон мегӯянд, аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ тақозо доранд, тундравонро дар қаламрави худ маҳв кунанд ва барои Покистон дардисарҳои беш аз ин эҷод накунанд. Аммо Рашид мегӯяд, ин заъфи ин ҳукуматҳо худ ангезандаи таҳдидҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳҳои ҳамсони он аст.

Ӯ гуфт: "Мо ҳоло мебинем, ки Тоҷикистон ба фақри бузург, фурӯпошии бахши давлатӣ ва муҳоҷирати густарда рӯбарӯст. Қирғизистон гирифтори ҳарҷу марҷи бузурги сиёсист. Ва Узбакистон хеле саркӯбгар боқӣ мемонаду ояндаи он ва кишварҳои номбурда рӯшан нест. Онҳо хеле шикананда ва осебпазиранд."

Дар ҳоле ки режимҳои Осиёи Марказӣ дар гузашта низ натавонистаанд, ба ҳамлаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳҳои ҳамсони он посухи сазовор диҳанд, бархе аз коршиносон ҳайронанд, ки оё ин ҳукуматҳо хоҳанд тавонист, бо гурӯҳҳои эҳёшуда ва дорои таҷрибаҳои муҳими ҷангӣ дасту панҷа нарм кунанд?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG