Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Навдонак махфигоҳи силоҳу тир ошкор шуд


Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар деҳаи Навдонаки ноҳияи Рашт махфигоҳи силоҳу тирро ошкор намуданд. Аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба хабаргузории Азия плюс иттилоъ доданд, ки аз махфигоҳ се автомати Калашников, як милтиқ, як мина, се тири гранатомет, панҷ норинҷак, се кило тротил ва ҳамчунин миқдори бузурги тир мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки ин махфигоҳ ба мусаллаҳони гурӯҳи Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) тааллуқ дошт.
XS
SM
MD
LG