Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи интихоботи парлумонии Молдова эълон шуд


Комиссиюни марказии интихоботии Молдова натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии рӯзи 28 ноябрро эълон кард. Ба иттилоъи котиби комиссиюн Юрий Чокан, ҳизби коммунист ба 43 курсии парлумон соҳиб шудааст, ҳизби либерал-демократӣ 32 мандат, Ҳизби демократӣ 14 мандат ва Ҳизби либералӣ 12 мандатро ба даст оварданд. Акнун Додгоҳи Қонуни асосии Молдова бояд тайи се рӯз натоиҷи интихоботро тасдиқ кунад.
Имрӯз Ҳизби коммунисти Молдова дар як ариза унвонии Додгоҳи Қонуни асосии кишвар хостори аз нав баршумурдани раъйҳо шуд ва эълом дошт, ки дар ҷараёни интихобот тақаллубу қонуншиканиҳои зиёд ҷой дошт.
XS
SM
MD
LG