Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонаи интернетии WikiLeaks рӯйхати махфии муассисаву инфраструктура ё худ инфрасохтореро ба табъ расондааст, ки аз назари Вашингтон ба манфиатҳои миллии ИМА иртибот доранд.

Баъзе ҳолдонҳо мегӯянд бо пахши ин санад WikiLeaks амалан рӯйхати ҳадафҳои аввалиндараҷаи террористонро нашр намуда, аз хатти, ба истилоҳ, қирмизӣ убур кардааст.

Сомонаи интернетии WikiLeaks рӯйхати инфраструктураи калидии рӯи оламро ба табъ расондааст, ки аз тарафи ҳукумати ИМА тартиб дода шудааст. Ба қавли мақомоти амрикоӣ агар ин муассисаву корхонаҳои кишварҳои мухталиф бо ҳамлаи террористӣ мувоҷеҳ шаванд, манфиатҳои миллии ИМА дар хатар хоҳанд буд.

Ин санад дар моҳи феврали соли 2009-ум нашр шуда, махфитарин ҳуҷҷатест, ки то кунун WikiLeaks ба табъ расондааст.

Парванда алайҳи асосгузори WikiLeaks

Ҷулиан Ассанж, асосгузори Wikileaks, феълан таҳти пайгарди қонун қарор дорад
ИМА таҳқиқи парвандаи ҷиноии WikiLeaks ва асосгузори он шаҳрванди 39-солаи Австралия Ҷулиан Ассанжро оғоз намудааст. Тибқи иттилои расида WikiLeaks ба 250 ҳазор ҳуҷҷати махфии дипломатияи ИМА дастрасӣ пайдо кардааст.

Дар рӯйхати инфраструктураи стратегии олам дипломатҳои ИМА конҳои нафту газ, марказҳои мухобирот, бандарҳо, корхонаҳои дорусозиву химиявӣ ва шабеҳи онро шомил кардааст.

Ҳоло суол ин аст, ки оё нашри ин рӯйхат худ ба худ дастгирии терроризм аст ё хайр?

Интиқоди шадид аз Ҷулиан Ассанж

Собиқ вазири мудофиа ва умури хориҷии Британия Малколм Рифкинд мегӯяд, нашри иттилои сиррӣ аз тарафи WikiLeaks бори дигар собит мекунад, ки сомона бемасъулият буда, фаъолиятҳои он дар марзи табаҳкорӣ қарор доранд. Рифкинд меафзояд, WikiLeaks ҳамон маълумотеро нашр кардааст, ки террористон дар ҷустуҷӯи он ҳастанд.

Додситони кулли Австралия Роберт Макклиланд изҳор намуд, ки Ассанж шаҳрванди ин кишвар аст ва агар ӯро боздошт намоянд, Австралия ба ӯ кумаки ҳуқуқӣ мерасонад.

Макклиланд афзуд: “Ҳамчун шаҳрванди Австралия ӯ имкони бозгашт ба ватанро ҳам дорад. Вале ҳамзамон бо он ӯ медонад, ки Австралия бояд ба созишҳояш ҳсодиқ монда, аснои таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ ба кишварҳои ҳампаймон кумак расонад.”

Хатари ифшогариҳои WikiLeaks

Дар санади нашршуда ИМА рӯйхати корхонаву муассисаҳоеро ҷой додааст, ки аз кор мондани онҳо ба беҳдошти умумӣ, ҳаёти иқтисодӣ ва манофеи миллии ИМА зарба мезанад. Дар он конҳои маъданҳои мухталиф ва нафту газ, марказҳои мухобирот, бандарҳо корхонаҳои дорусозиву химиявӣ аз Канада сар карда, то Ховари Миёнаву Африқо ва Чину Қафқоз ба чашм мехӯрад.

Масалан дар ин рӯйхат лӯлаи гази Дружбаро ҷой додаанд, ки дар шарқи Русия шурӯъ шуда, тавассути Украинаву Беларус то мамолики аврупоӣ тӯл кашидааст.

Ҳамин гуна дар рӯйхат бандарҳо ва лӯлаҳои нафти кишварҳои Халиҷ, Эрон, Ироқ ва Озайрбҷону Туркия шомил мебошанд. Дар ин рӯйхат як муассисаҳои стратегии Осиёи Марказӣ- кони хроми Қазоқистонро метавон пайдо кард.
XS
SM
MD
LG