Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистҳову демократҳо таъсиси эътилофро рад карданд


Ҳизби коммунисти Молдова иттилоъ дар бораи таъсиси эътилофи парлумонӣ ҳамроҳ бо Ҳизби демократи кишварро рад кард. Дирӯз бархе аз расонаҳои Русия бо истинод ба раҳбари коммунистҳо Владимир Воронин дар бораи ташкили ин эътилоф хабар дода буданд.Ва аммо дафтари матбуоти ҳизб изҳор намуд, ки расонаҳо ҳарфҳои Воронинро нодуруст ташреҳ кардаанд. Иттилоъ дар бораи таъсиси эътилофи нави парлумониро дирӯз ҳизби демократ ҳам рад карда буд.
Дар интихоботи парлумонии Молдова ягон ҳизб раъйҳои барои интихоби раисиҷумҳур заруриро ба даст наовардааст. Раисиҷумҳур дар Молдова дар парлумон интихоб мешавад.
Музокирот оид ба таъсиси эътилофи парлумонӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG