Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти мухолифони барчидани муҷассамаи Ленин


Кормандони полиси шаҳри Қарағандаи Қазоқистон имрӯз чанд нафар аз мухолифони барчидани муҷассамаи Владимир Ленин аз маркази шаҳрро боздошт намуданд. Ба иттилоъи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, даҳҳо фаъолони ҳизби коммунисти Қазоқистон имрӯз бо шиорҳои “Аз Ленин даст бардоред” ва “Таърихро нобуд насозед” дар пояи муҷассамаи Ленин ҷамъ омаданд.
Кормандони полис эътирозгаронро пароканда ва чанд нафари онҳоро боздошт карданд. Боздоштшудагон фақат баъд аз навиштани баёнот раҳо карда шуданд.
Қарор аст, ки имрӯз муҷассамаи доҳии коммунистон Владимир Ленин аз маркази Қарағанда ба як боғи канори шаҳр интиқол дода шавад. Ин муҷассама дар шаҳр соли 1975 гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG