Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО дар Афғонистон амалиёти шабонаро идома медиҳад


Нерӯҳои НАТО, бо вуҷуди эътирози ҳукумати Афғонистон ва, аз ҷумла, раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай, амалиёти шабона алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”-ро идома медиҳад. Ба гуфтаи намояндаи Паймони Атлантикаи Шимол, амалиёти шабона, ки аз сӯи нерӯҳои вижаи амрикоӣ доир мешаванд, як бахши тактикаи низомии нерӯҳои байнулмилалӣ дар мубориза бо ошӯбгарон дар Афғонистон аст. Бар асари ин гуна амалиёти шабона дар се моҳи ахир беш аз 350 тан аз фармондеҳони гуногунмартабаи толибон кушта шудаанд.
Амалиёти шабона боиси ихтилофи назар миёни нерӯҳои НАТО ва Ҳомид Карзай гардид – сарвари Афғонистон аз он нигарон аст, ки дар ин гуна амалиёти шабона мардуми осоишта ҳам кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG