Пайвандҳои дастрасӣ

«Ман аз милисаи Балҷувон». Ин охирин ҷумлаи Шарифбек Идиев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон буд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ омадан бо гурӯҳи мусаллаҳ садо дод. Ва ба дунболи он, ӯ аз тири афроди мусаллаҳ ба ҳалокат расид.

Қурбон Шарипов, ягона шоҳиди солими ин ҳодиса, мегӯяд, пас аз чанд дақиқаи садо додани ин ҷумла замоне, ки Идиев бо Низомиддин Сайфуддинов, сардори бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар пушти буттаҳои марминҷонзор шуданд, тақрибан даҳ дақиқа беист садои тир дар кӯҳистон садо дод. Дар ҳамин маврид ба қавли ӯ, гурӯҳи силоҳбадаст, зуд назди мошини тамғаи «Нива» шуданд.

Ӯ мегӯфд: «Дигар онҳо аз пас берун нашуданд. Онҳо давида омаданд ва мошинро иҳота карданд. Ман аз ҷо хестам, ки фарёдам карданд, ки «ин ҷо биё, ки мепаронемат». Калиди мошинро пурсид, гуфтам шофёр нестам. Шофиёр аз дасташ ярадор дар ҳамон ҷо афтода буд. Ӯро калиди мошин гуфтанд, вале ӯ нафаҳмид ва ӯро бардошта аз сараш дар ҳамон ҷо парронданд. Калидҳоро пайдо карданд, вале мошин кор накард. Дар ҳамин вақт мошини дигар, ки аз сардори милисаи ноҳия буд, пайдо шуд ва онҳо сӯи ӯ тир кушоданд».

Пеш аз вуқӯъи ин ҳодиса сокинони чанд деҳаи атроф аз мавҷудияти як гурӯҳи мусаллаҳ ба милиссаи ноҳия хабар медиҳанд. Аммо сокинон мегӯянд, чун ин гурӯҳро онҳо бо чашми худ надиданд, гуфтаҳои онҳоро дурӯғ гумон кардаанд.

«Чаро ту зинда мондӣ?»

Қурбон Шарипов, шоҳиди ин ҳодиса мегӯяд, ба ӯ Баҳриддин ном наздикаш аз мавҷудияти ин гурӯҳ хабар додааст ва сипас ӯ ба мақомот. Ҳарчанд, ӯ ба мақомот ҷиддияти ин хабарро таъкид мекунад, аммо онҳо инро ҷиддӣ қабул намекунанд.

Вай мегӯяд, замоне ба ҷои ҳодиса расидем, нафаре аз ин силоҳбадастон, ки дар баландӣ буд, худро «бачаҳои минтақа», яъне милисаи минатқавӣ муаррифӣ кард. Ҳоло ин шоҳид мегӯяд, таи чанд рӯз боз ӯро бозпурсӣ мекунанд ва суоли ҳамешгӣ ин аст, ки «чаро силоҳбадастон» туро накуштаанд.

Нерӯз Холов, хонандаи мактаб, ки дар ҷараёни даргириҳо маҷрӯҳ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ӯ мегӯяд, тасодуфан аз марг наҷот ёфтааст: «Онҳо баъди куштани ин се нафар ва бо тирпарронӣ пас гардонидани мошини дигар якеаш гуфт, ки инро ҳам паррон. Дар пойҳоям калуш доштам ва зорӣ кардам, ки маро напарронед, зеро ман барои пайдо намудани говҳоям омадаам. Гуфт, гов мековӣ зуд аз ин ҷо дурр шав. Гурехтам ва аз қафо тиршап карданд, дар насибам набудааст, зинда мондам. Лек инак се рӯз аст, қимоб шудам. Се рӯз аст, ки шабу рӯз маро мепурсанд. То соати 10-11-и шаб пурсу пос. Чар туро напарронданду онҳоро парронданд. Маро Худованд раҳ гирифт».

Дар ҳоле, ки мошини сардори шӯъба ба ақиб мегардад, онҳо ронандаро кушта ва Хол Қудратов, прапоршики милисаро ҳамроҳ асир гирифта, ба самти Сарихосор фирор мекунанд. Вале ҳангоми пайгирӣ бо роҳе Қудратов аз дасти ин афрод мегурезад. Ин шоҳид инчунин мегӯяд, дар аввал яке тоҷикӣ сӯҳбат карданд, вале замони тирпарронӣ ва фирор онҳо бо забони узбакӣ миёни ҳам фарёд кардаанд.

«Террорист буданашонро фаҳмидам»

Баҳриддин Хоҷаев, нафаре, ки бори аввал аз мавҷудияти ин гурӯҳ хабар додааст, мегӯяд, вақте аз чарогоҳ бармегашт, дар замине, ки онҳо гандум кишт мекарданд, як нафари шубҳанокро мебинад ва аз ӯ мепурсад, ки дар замини онҳо паи чӣ кор аст. Вале вай худро корманди миллиса муаррифӣ менамояд ва ҳуҷҷатеро низ нишон дода мегӯяд, нафаре аз ҳамроҳонашонро интизоранд, лек аз ин ҷавон хоҳиш мекунад, то дар бораи онҳо ба касе лаб накушояд.

Аммо Баҳриддин мегӯяд: «Якеи онҳо аз пушти марминҷонзор баромад ва гуфт, ки чӣ мекобед, гуфтем, ки молу гов. Ӯ гуфт, ки мо милисаем ва як нафарро бояд боздошт кунем. Ман фақат як нафарашро аз наздик дидам ва сӯҳбат кардам».

Дар ҳоле, ки мо сӯҳбат мекардем падари ин ҷавон гуфт, то ҳанӯз силоҳбадастон боздошт нашудаанд ва аз амнияти писараш дар хавф аст. Ӯ гуфт, онҳо метарсанд, ки ба писарашон аз додани ин хабар зарар нарасад.

Некрӯз Холов, хонандаи дигари мактаб, ки аз захми тир дар пои рост дар беморхонаи ноҳия бистарист, мегӯяд, онҳо аз маҳаллӣ ҳодиса дуртар буданд. Ба қавли вай, яке аз силоҳбадастон ӯ ва ҳамроҳашро наздаш даъват мекунад, вале онҳо мегурезанд, ки дар паи тирпаронӣ 100-200 метр аз ҷои ҳодиса аз пояш маъюб мегардад.

Сокинон: Аз пурсишу меҳмоннавозӣ хаста шудаем

Дар ҳамин ҳол наздикони шоҳидон мегӯянд, аз оне, ки дар ин ҳодиса наздикашон шоҳид будааст, мутаасифанд. Зеро ба қавли онҳо аз пурсиши даҳкарати мақомот онҳо хаста шудаанд.
Қурбон Шарипов, ягона шоҳиди ҳодисаи Балҷувон, ки ҷони солим ба дар бурдааст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маркази ноҳияи Балҷувон ва деҳоти атроф ҳангоми сӯҳбат аз мавҷудияти нерӯҳои зиёди мақомт шиква намуданд.

Як нафар зан, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт: «Аз ҳамон вақте, ки ин ҳодиса шуд, рӯз надорем. Хонаҳоямон пури милиса ҳаст, барояшон чойу нон медиҳем. Мо халқи меҳмоннавозем, вале меҳмонӣ як рӯз бошад… Хонаҳоямон пур аст, аз меҳмон. Дигар ягон кор карда намешавад. Охир онҳо бояд дар кӯҳистон бошанд, рӯзи дароз дар ҳамин ноҳия намедонам чӣ кор мекунанд».

Аммо масъулин мегӯянд, онҳо паи ҷустуҷӯи ин афрод дар кӯҳу ҷангаланд.

Мақомот: «Тахминан инҳо гурезагони маҳбас нестанд»


Сангалӣ Нодирхонов, муовини сардори шӯъбаи корҳои Дохилаи ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ҳар коре, аз дасти онҳо меояд, анҷом хоҳанд дод.

Ӯ гуфт, аз маҳаллӣ ҳодиса чаҳор борхалта иборат аз маводи озуқаворӣ гирифтаанд ва ҳоло онҳо мавриди омӯзиш қарор доранд. Ҷаноби Нодирхонов афзуд, ки аксҳои фирориёни маҳбасро ба шоҳидон нишон додаанд, вале нафаре аз ин шахсиятҳо ба фирориён монандӣ надоштааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG