Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабиб Саид: "Мо зодагони ишқем..."


Ҳабиб Саид
Ҳабиб Саид

Худнамоӣ ба бисёре аз блогҳо хос аст, вале торнигори тоҷикиву русии нависандаи тоҷик Ҳабиб Саид бештар оламнамоӣ дорад, то шиносоӣ ва таъкид бар ҳувияти худаш. Аммо, албатта, ботини зебои ӯ, муҳаббати бекаронаш ба Тоҷикистон дар ҳар навиштааш худ ба худ ҳувайдо мегардад.

Шиори блоги ӯ ин аст: "Мо зодагони ишқем, мо худи ишқем ва ба оғӯши ишқ меравем." Андарзи як сӯфимашраби муосир.

Зодаи Душанбе -- Ҳабиби Саид дар зиндагии худ пешаҳои зиёдеро озмудааст. Вай кафшергар, геолог, муҳандис, сипас корманди рӯзнома ва шореҳи сиёсии радио буд. Соли 1992 китоби ӯ "Одамсуратон субҳидам пайдо мешаванд" ба нашр расид, ки маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ, новелла, мазҳака ва ҳикояҳои тахайюлист.

Бархе аз мақолаҳои ӯ дар бораи эҳтимоли мавҷудияти ҳаёт дар сайёраҳои дигар ва фазоҳои параллелӣ, ғул ё одами барфӣ дар матбуоти Русия ба нашр расидаанд. Ба забонҳои русӣ ва форсӣ менависад.

Ҳабиби Саид дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте ки се сол пеш блонависиро сар кард, гумон надошт, ин кор ба як шуғли доимии ӯ табдил меёбад. Аввал мехост, бархе аз навиштаҳои хешро мунташир кунад ва бигзор дар паҳнои интернет ҳар касе ки бо онҳо вомехӯрад, бихонаду бидонад, ки дар дунё касе ҳаст бо номи Ҳабиб Саид ва ин шахс чӣ андешаҳо, чӣ орзуву ормон дорад.

Аммо як навиштааш дар бораи шаҳри Душанбе, шаҳре, ки акнун наздик ба 20 сол мешавад, онро тарк кардаасту лек гӯё лаҳзае аз он дур набудааст ва ҳар шаб кӯчаву гулгаштҳояшро ба хоб мебинад, ин қадар вокунишҳои гарму ҷӯшонеро ба бор овард, ки вай дигар натавонист, блогнависиро давом надиҳад.

Ин ҷо Ҳабиб Саид самимитарин суханонеро дар бораи ватанаш навиштааст ва бо нигоҳе ба аксҳои сершумори он метавон гӯё соатҳо дар хиёбону боғҳои Душанбе сайругашт кард. Вай мегӯяд:

"Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки даҳҳо русҳо, ки низ худро фарзандони Душанбе мешуморанд, ба ин навиштаи ман посух доданд. Онҳо бо меҳру муҳаббат аз Душанбе, мардумони дилкушод ва неки он, зиндагиашон дар канори ин шаҳри офтобӣ навиштанд ва аз ман ташаккур карданд, ки дар бораи шаҳрашон навиштаам. Албатта, чанд номае ҳам буд, ки нависандагонашон ба лаҳни тақҳир ба навиштаи ман посух додаанд. Аммо инҳо хеле каманд, аксарияти русҳо аз Тоҷикистон ва Душанбе ба некӣ ва ҳасрат ёд мекунанд ва барои мардуми тоҷик хушбахтӣ орзу мекунанд."

Дар ин сӯҳбат ба Ҳабиби Саид гуфтам, оё худро дар ҷомаи як сафири фарҳангии Тоҷикистон дар Русия ҳис намекунад, дафъатан рад кард. "Не, ман ягон хел сафир нестам, фақат вазифаи худ медонам, ки дар бораи Тоҷикистон дар интернет маводи хуб бештар ба табъ расад. Вақте одамон ба иттилоъ дастрасӣ ёбанд, ҳатман ошиқи Тоҷикистон мешаванд. Мутаассифона, дар бораи Тоҷикистон дар интернет мавод хеле кам аст ва дар торнамову торнигорҳои русӣ аксаран назари манфиро мебинем. Ман мехоҳам, назари одамон ба ватани ман на мусбат ё манфӣ, балки ҳақиқӣ бошад. Бадбахтона, бо сабаби ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон шуд ва ҳам ба иллати рафтори баъзе аз ҳаммиллатони мо дар Русия моро дар матбуоти ин кишвар асосан ба ранги сиёҳ нишон медиҳанд."

Ҳабиб Саид бо бародаронаш дар шаҳраки Кувандики Урали Ҷанубӣ ба сар мебарад ва дар ин ҷо корхонаи хурде дорад. Аммо фурсат меёбад ва блог менависад. Як навиштаи дигари ӯ ба пешгӯиҳои соли 2012, поёни даври панҷуми ҳаёти тамаддуни ориёӣ ва гузор ба давраи нав бахшида шудааст.

Агар ба блоги Ҳабиб Саид таваҷҷӯҳ пайдо кардед, ин ҷумларо "ангушт" занед: "Мо зодагони ишқем, мо худи ишқем ва ба оғӯши ишқ меравем."
XS
SM
MD
LG