Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 7 нафар дар таркише дар Покистон


Бар асари таркиш дар шимолу ғарби Покистон дастикам 7 нафар кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар минтақаи Мӯҳманд, воқеъ дар марз бо Афғонистон, рӯх дод. Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки шояд ҳадафи маргталаб раиси ин минтақа Амҷад Алӣ Хон буд. Худи Амҷад Алӣ Хон ҳам ин ҳамларо сӯиқасд ба ҷонаш хондааст.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Мақомоти Покистон дар ҳамлаҳо алайҳи мансабдорони маҳаллӣ ва сарони қабоил ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони “Толибон” ва аъзои “Ал-Қоида” мекунанд.
XS
SM
MD
LG