Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғайб задани 50 нафар бар асари ярч дар Колумбия


Бар асари ярч дар шаҳри Меделини Колумбия дасти кам 50 нафар ғайб задаанд. Мақомот ҳадс мезананд, ки шояд онҳо зери хоку санг монда бошанд. Дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома дорад. То ин соат наҷотбахшон дасти кам 7 нафарро аз банди ярч берун кашидаанд.
Ярчу сангрез дар Колумбия падидаи нав нест. Ҳодисаи ахир ба асари шадидтарин дар 40 соли ахир боронгариҳо ба вуқӯъ пайваст.
Ба иттилоъи Созмони Салиби Сурх, соли равон бар асари боронгариҳо дар сартосари олам 176 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорон каси дигар бесарпаноҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG