Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WikiLeaks фошсозиҳоро идома медиҳад


Сомонаи интернетии WikiLeaks феҳристи муассисаҳоеро дар сартосари олам нашр кард, ки онҳоро Вошинтон барои таъмини амнияти Амрико ҳаётан муҳим мехонад. Моҳи феврали соли 2009 года вазорати умури хориҷии ИМА талаб кард, то сафоратхонаҳо феҳристи муассисаҳоеро таҳия кунанд, аз даст рафтани онҳо ба сохтори ҳифзи сиҳат ва амнияти дохиливу миллии Амрико таъсир хоҳад гузошт. Ба ин феҳрист хатҳои зериобии мухобирот, васоили асосии мухобирот, бандарҳо, захираҳои маъдан ва ширкатҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG