Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нургалиев: Барои мубориза бо терроризм нерӯи вижа зарур аст


Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия, дар робита ба ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон гуфт, дар ин минтақа “мавзӯъи мубориза бо терроризм матраҳ аст”. Ӯ баъд аз анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки вазоратҳои умури дохилии Русия ва Тоҷикистон шеваҳоеро дар ихтиёр доранд, ки метавонанд онҳоро дар мубориза бо терроризм ҳамоҳанг созанд. Рашид Нургалиев афзуд, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба таҳкими мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуд. Вазири умури дохилии Русия гуфт, "мо бояд дарк кунем, ки барои ҳалли ин масоил бояд нерӯҳои махсус омода карда шаванд. Ва албатта, омодасозӣ ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин кардани ин нерӯҳо ҳам дар меҳвари баррасиҳои мо қарор дорад".
Рашид Нургалиев барои ширкат дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои мушовираи вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистону Русия вориди Душанбе шудааст.
XS
SM
MD
LG