Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 28 -уми ноябр дар бозорҳо боз 85 миллиард евро бонд, яъне авроқи гаронбаҳо зуҳур кард, ки ҳадаф аз он раҳоии Ирландия аз буҳрони молӣ мебошад. Инчунин вазъи молии Португалия, Испания, Италия ва ҳатто Белгия ҳам мавриди нигаронӣ аст.

Дар натиҷа қурби пули воҳиди Аврупо - евро бори дигар поин шуд ва бори дигар шореҳон сарнавишти минбаъдаи евроро дар миён гузоштаанд. Дар ин бора маҷаллаи "Экономист" чопи Лондон таҳлиле навиштааст.

Шориеҳи ин маҷала менависад, таърих гувоҳи он аст, ки як ҳодисаи комилан ғайри имкон метавонад ба рӯйдоди ногузир табдил ёбад. Чунончӣ дар соли 1931 Британия Кабир стандарт, яъне меъёри пойбанд будани пули британиявӣ ба тилоро канор гузошт. Ва ё дар соли 2002-ум Аргентина маҷбур шуд, пойбандии пули миллиаш ба доллари Амрикоро мутаваққиф кунад.

Пули воҳиди Аврупо суқут мекад?

Дар ҳамин ҳол, шореҳи маҷаллаи "Экономист", чопи Лондон, бар ин фикр аст, ки фурӯпошии пули умумиаврупоӣ - евро таркиши аз он ҳам бузуртареро ба вуҷуд меорад.

Ба қавли муаллифи мақола барои ин фурӯпошӣ кофист, ки яке аз аъзои заъифи минтақаи евро: Юнон, Ирландия, Португалия ва ё Испания худро аз минтақаи евро берун кашида, қурби пули нав ба муомилат даровардаашро поин барад.

Ба навиштаи "Экономист" аъзои нерӯманди минтақаи евро ба монанди Олмон, Австария ва ё Ҳолланд низ метавонанд аз нав пули миллиашонро барқаро кунанду ба евро падрӯд гӯянд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки беруншавӣ аз минтақаи евро ба кишварҳои нерӯманд ҳам хеле гарон хоҳад афтид. Зеро барои чопи пул, таҳияи барномаҳои компютерӣ барои ҳисоби пули нав ва автоматҳои пулӣ барои шинохти пули нав муҷаҳҳаз карда шаванд.

Кишварҳои заиф - сабаби бӯҳрони пулӣ

Муаллифи мақола дар "Экономист" таъкид кардааст, ки агар кишварҳои заиф ба ҳоли худ гузошта шаванд, онҳо боиси содироти ин ҳама мушкилиҳо дар байни кишварҳои минтақаи евро хоҳанд гашт ва умуман аз байн рафтани бозори муштарак ба иқтисоди тамоми кишварҳои узв хоҳад шуд.

Маҷаллаи "Экономист" идома медиҳад, ки бо дарки паёмади фоҷеабори фурӯпошии минтақаи евро раҳбарони кишварҳои узви ин минтақа барномаи кӯмаки молӣ ба Юнон ва Ирландияро пуштибонӣ карданд.

Наздик ба 200 миллион евро барои бозпардохти қарзҳои ду кишвари ёдшуда ихтисос дода шуд. Вале муаллиф бар ин назар аст, ки чунин барномаҳои кӯмак бояд зудтар таҳия шаванд.

Масъалаи дигар ин аст, ки шояд баъзе кишварҳои қарздор ҳеҷ гоҳ қудрати бозпардохти қарзҳои гирифтаашонро надошта бошанд. Шореҳон таъсиси ниҳоди аврупоии муштарак барои рафъи мушкили қарзҳоро, ки тибқи нақша бо соли 2013-ум бунёд мешавад, иқдоми дуруст меҳисобанд.

"Сирри рушди евро дар якҷоягист"

Рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон узви Шӯрои раҳбарони Бонки Марказии Аврупо Эдвард Новотний изҳор намуд, ки кишварҳои минтақаи евро дар ҳамроҳӣ рушд мекунанду аз минтақа берун шудани яке аз онҳо ба ҳамаи ҷонибҳо зарар хоҳад овард.

Дар Люксембург сарвазири ин кишвар Жан Клод Янкерс ва вазири молияи Италия Ҷулио Тремонтӣ пешниҳод карданд, ки кишварҳои минтақаи евро варақаҳои гаронбаҳои муштарак бо номи Е-бонд нашр намуда, бебозгашт будани пули муштараки аврупоиро таъкид намоянд. Ду мансабдори мазкур дар сӯҳбат бо рӯзномаи британиявии “Файненшел таймс” гуфтаанд, ки поягузории Муассисаи Аврупоии ҳаллу фасли мушкили қарзҳо айни муддаост.

Дар гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул, ки рӯзи шашуми декабр ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки дар устувории минтақаи евро саҳми хоҷагии бузургтарини он Олмон хеле бузург аст, вале агар нооромии бозорҳои авроқи гаронбаҳои дигар аъзои минтақа идома ёбад, натиҷаи мусбати рушди иқтисодии Олмон низ зери фишори он заиф хоҳад шуд.

То кунун Олмон ба тақдими кӯмак ба кишварҳои ниёзманд тамоюли зиёд нишон надодааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, бори гарони қарзҳо набояд ба дӯши андозспорони олмонӣ вогузор гардад.

Ибтидои моҳи декабр ҳукумати Испания як барномаи муфассали коҳиши хароҷот: аз ҷумла коҳиши нафақа, андози илова ба тамоку ва қатъи кумакпулӣ ба нерӯгоҳҳои бодиро муаррифӣ намуд.

Португалия бошад, ҳар гуна эҳтимоли нокомӣ дар бозпардохти қарзҳояшро қабул надорад ва моҳи ноябр ҳукумати ин кишвар буҷети соли 2011-умро бидуни кадом тағйири назаррас ба тасвиб расонд.

Бо рӯ задани мушкилиҳои минтақаи евро як идда мамолик амсоли Британия ва Шветсия аз Иттиҳодияи Аврупо тақозо кардаанд, ки пули миллии онҳо ҳифз гардад.

Аммо сарфи назар аз ҳар гуна мушкилӣ кишвари собиқ шӯравии Эстония тасмим гирифтааст, ки сар аз ибтидои соли 2011-ум ба узвияти минтақаи евро шомил шавад.
XS
SM
MD
LG