Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Нургалиев: "Ин ҷо масъалаи мубориза бо терроризм матраҳ аст"


Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия, бо ишора ба ҳаводиси се моҳи ахир дар шарқи Тоҷикистон мегӯяд, он ҷо масъалаи мубориза бо терроризм матраҳ аст.

Оқои Нургалиев, ки барои ширкат дар ҷаласаи ҳайатҳои мушовараи вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада буд, гуфт, барои мубориза бо зуҳуроте чун терроризм Тоҷикистон ба як нерӯи қавии таълимдида ниёз дорад.

“Аввалан, ҳамон тавре ки шумо мегӯед, агар дар минтақаи шарқ вазъият нигаронкунанда мешавад, пас, қабл аз ҳама маъсалаи мубориза бо терроризм аст. Вазоратҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон усулҳоеро дар ихтиёр доранд, ки метавонанд онҳоро дар мубориза бо терроризм ҳамоҳанг созанд. Баъдан, бояд донем, ки барои мубориза бо чунин зуҳурот гурӯҳи вижаи омода дошта бошем. Дар ин бораи президенти Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат ба мо таъкид кард”,-афзуд ӯ.

Коршиносон бо ишора ба шароити иқтисодие, ки Тоҷикистон дорад, мегӯянд, шояд Тоҷикистон ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ташкили чунин гурӯҳи таълимдида набарояд. Онҳо мегӯянд, шояд Русия мехоҳад, ки дар чорчӯби ҳамкориҳои ин ду кишвар дар созмонҳои амниятии минтақа барои Душанбе “дасти кӯмак” дароз кунад.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки мавзӯи аслии баҳси ҳайъатҳои мушовараи вазорати умури дохилии Русия ва Тоҷикистон масъалаи боздошт ва истирдоди афроди таҳти пайгард ва мубориза бо ҷинояткорони фаромиллӣ будааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ҳудуди 2 ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигари Иттиҳоди давлатҳои мустақил паноҳ бурдаанд, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Миёни Тоҷикистону Русия дар заминаи боздошт ва истирдоди афроди ҷиноятпеша санади ҳуқуқӣ имзо шудааст, ки ба гуфтаи Рашид Нургалиев, бо дарёфти дархости Тоҷикистон онҳо чунин афродро боздошт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Нургалиев, танҳо дар соли равон ниҳодҳои интизомии Русия 12 нафарро, ки дар ҷустуҷӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор доштаанд, боздошт кардаанд. Аз ҷумла мақомоти милисаи Русия ахиран Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва собиқ вакили маҷлиси вилоятӣ дар Суғдро, ки ба гумони даст доштан дар қатли собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, боздошт кардаанд. Вале то ҳол масъалаи истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ҳалли худро наёфтааст.

Дар ин ҷаласаи ҳаъйатҳои мушовараи вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон ҳамчунин масаъалаи муҳоҷирати сокинони кишвар ба Русия баррасӣ шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 600 ҳазор нафар ба муҳоҷират мераванд, вале тибқи манобеи ғайрирасӣ ин рақам болиғ аз 1 миллион нафар аст.

Михаил Тюркин, муовини раиси Хадамоти федеролии мухоҷирати Русия, мегӯяд, онҳо талош доранд, ки вуруд ва хуруҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави кишварашонро қонунӣ кунанд, то минбаъд ҳам барои онҳо ва ҳам барои ҳамтоёни тоҷикашон боиси дарди сар нашавад.

Вай гуфт, онҳо дар мавриди сабти номи ҳатмии муҳоҷирон дар ниҳодҳои муҳоҷирати Русия ва дарёфти патент барои кор дар ин кишвар мувофиқа ҳосил кардаанд.

“Ҳоло дар ин ҷо марказҳое ҳастанд, ки муайян мекунанд, барои Русия киҳо лозиманд ва бо кадом ихтисос. Инҷо таълим медиҳанд. Баъд аз ин, нафари муҳоҷираткунанда низ медонад, ки ба куҷо меравад ва чаро меравад ва дар он ҷо бо чӣ машғул хоҳад шуд. Фикр мекунам, мо кори дурусте мекунем...”,-
илова кард ӯ.

Бо ин вуҷуд, бештари коршиносон мутмаинанд, ки омадану ҷаласа оростани ҳайъатҳои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия беасос набуд.

Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки Тоҷикистон акнун дар рӯ ба рӯи мушкили мубориза бо ифротгароӣ мондааст ва аз тарафи дигар мехоҳад бо афроди мусаллаҳ дар шарқи кишвар муқовимат кунад, мақомот ба кӯмаки Русия умед доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин авохир мақомоти баландпояи Русия борҳо ба мушкили терроризм ва ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардаанд, ки дар ҳоли даъвати Тоҷикистон ба назорати марзи миёни Тоҷикистону Афонистон, ки сар аз соли 2004 ба ӯҳдаи марзбонони тоҷик гузаштааст, дигарбора баргарданд.
XS
SM
MD
LG