Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони нави Тоҷикистон, 5-уми декабр дар бозии байнулмилалии дӯстона дар Кувайт аз тими «Ал-Наср»-и шаҳри Ҷлеб-ал-Сиёҳ, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

«Истиқлол» бозии дуввуми байнулмилалии дӯстонаро рӯзи 7-уми декабр бо тими «Ал-Қудсия»-и шаҳри Ал-Кувайт, қаҳрамони 13-карата ва барандаи Ҷоми миллии Кувайт, финалисти Ҷоми AFC-2010, анҷом хоҳад дод. Футболбозони тоҷик аз Кувайт 9-уми декабр ба Душанбе бармегарданд.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ин бозиҳо барои қаҳрамони Тоҷикистон як марҳилаи омодагиҳо ба мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 14-ум то 23-юми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир хоҳад шуд, маҳсуб мешавад.

Воқеъан, ширкаткунандагони Ҷоми Иттиҳод-2011 муайян шуданд. Дар мусобиқот 16 даста иштирок хоҳад кард: «Зенит» (Русия), «Интер» (Озарбойҷон), «Шахтёр» (Укроин), «Тобол» (Қазоқистон), «Шахтёр» (Беларус), «Искра-Стал» (Молдова), «Экранас» (Литва), «Сконто» (Латвия), «Небитчӣ» (Туркманистон), «Бунёдкор» (Узбакистон), «Флора» (Эстония), «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ХИК (Финляндия), «Пюник» (Арманистон) ва дастаи мунтахаби ҷавонони Русия.

Вале қаҳрамони Гурҷистон - "Олимпӣ" аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод даст кашид.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 6-уми декабр баргузор мешавад, дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти соли 2010 дар шаҳри Маскав дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон бар «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуда буд.

Дар мусобиқоти пешин дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар гурӯҳи «В» бо як имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашта буд.

Бояд тазаккур дод, дар 18 мусобиқоти пешин шаш бор «Спартак»-и Маскав, панҷ бор «Динамо»-и Киев, ду бор «Шериф»-и Молдова, якборӣ «Нефтчӣ» ва «Хазар-Ленкоран»- ҳарду аз Озарбойҷон, «Динамо»-и Тифлис, «Пахтакор»-и Тошканд ва «Рубин»-и Қазон Ҷоми Иттиҳодро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG