Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз 6 кишвари Халиҷи Форс бо ҳам мулоқот мекунанд


Имрӯз шаш кишвари каронаи Халиҷи Форс, ки аз муттаҳидони Амрико ба шумор мераванд, мулоқоти солонаи худро дар Абу Дабӣ-пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб оғоз мекунанд. Дар дастури рӯзи мулоқоти онҳо масъалаҳои амниятӣ қарор доранд. Мулоқоти Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ баъд аз ифшои номаҳои дипломатии Амрико тавассути сомонаи интернетии WikiLeaks баргузор мешавад, ки шаш кишвари халиҷ, ба вижа Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн аз барномаҳои ҳастаии Эрон изҳори нигаронӣ кардаанд. Манучеҳр Муттакӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар ҷараёни боздиди худ аз Баҳрайн, рӯзи шанбе гуфт, Эрон бар зидди кишварҳои ҳамсояи мусулмони худ ҳеҷ гоҳ аз ниру истифода нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG