Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон бахши кишоварзии худро равнақ медиҳад


Узбакистон дар соли 2011 барои корҳои обёрӣ 110 миллион доллар сарф мекунад. Дар ин бора хабаргузории Регнум Новости иттилоъ додааст. 100 тарҳи нави марбут ба сохтмони таъсисоти обёрӣ ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, соли 2011 давлат ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки ба воҳидҳои кишоварзии пахтакор, ба хусус ба воҳидҳое, ки аз замин ҳосили кам ба даст меоранд, кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG