Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Медведев аз Полша оғоз мешавад


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар садри як ҳайат вориди Варшава мешавад. Вай аз Полша боздиди расмӣ ба амал меорад. Полша узви паймони фурӯпошидаи Варшава аст, ки акнун ба узвияти паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо даромадааст. Қарор аст, Медведев бо раҳбарони Полша, аз ҷумла бо Бронислав Комаровский-раиси ҷумҳур ва Доналд Туск-нахуствазир дидор ва гуфтугӯ кунад. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои энержӣ, тиҷорат ва масоили амниятӣ баррасӣ мешавад. Ҳадафи дигари боздид беҳбуди муносиботи миёни ду кишвар ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG