Пайвандҳои дастрасӣ

Wikileaks: Хайркунандагони Саудӣ манбаи кӯмаки тундравҳо будаанд


Дар номаҳои электронии дипломатҳои амрикоӣ, ки дар сомонаи интернетии Wikileaks чоп мешавад, омадааст, ки кӯмаккунандагон ё хайркунандагони Арабистони Саудӣ сарчашмаи аслии сармоягузории гурӯҳҳои исломии суннӣ, аз ҷумла Ал-Қоида, Толибон, Лашкари Таиба ва Ҳамос, ба шумор мераванд. Дар номаҳои вазорати умури хориҷаи Амрико мақомоти расмии Арабистони Саудӣ барои сармоягузории фаъолияти тундравҳо муттаҳам нашудаанд, вале гуфта мешавад, ки тундравҳо маъмулан дар рӯзҳои адои маросими ҳаҷ ё рӯзҳои рамазон пул дарёфт мекардаанд. Мақомоти Саудӣ ин паёмро қабул доранд ва мегӯянд, ки бар зидди хатароти терроризм ба таври ҷиддӣ мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG