Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин хостори ташкили Бонки Рушди СҲШ шудааст


Чин пешниҳод кардааст, Бонки Рушди Созмони Ҳамкории Шонгҳой гушоиш ёбад. Бино ба пешниҳоди Чин, сармояи аввалияи ин бонк бояд 10 миллиард долларро ташкил диҳад. Чин гуфтааст, ки омода аст аз ин маблағ 8 миллиард долларашро пардохт кунад ва 2 миллиард доллари дигарро кишварҳои дигари узв бидиҳанд. Ҳадафи аслии ин бонк ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой будааст. Дар ин созмон Чину Русия, Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистону Узбакистон узвият доранд. Эрону Ҳиндустон ва Муғулистону Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Созмон соли 2001 ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG