Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми боздошти ду пулис дар иртибот ба қатли Бҳутто


Додгоҳи зиддитеррористии Покистон дар иртибот бо парвандаи қатли сарвазири собиқ Беназир Бҳутто дар поёни соли 2007-ум дастури ҳабси ду афсари пулисро содир кард.
Сауд Азиз ва Хуррам Шаҳзод, раҳбар ва муовини раҳбари пулиси шаҳри Равилпиндӣ, маҳалли сӯъиқасд ба хонум Бҳутто ба иттихози тадобири нокофӣ ба манзури таъмини амният ва поккории маҳалли ҳамла то замони ҷамъоварӣ шудани тамоми шавоҳид айбдор мешаванд. Таҳқиқоти муқаддамотӣ дар ҳамлаи маргталабонае, ки мунҷар ба ҳалокати Бҳутто шуд, афроди марбут ба Толибони Покистон ва Ал-Қоидаро айбдор мекунад.
Дар моҳи апрел СММ мақомоти Покистонро ба мониагузориҳои ҷиддӣ дар роҳи таҳқиқи ин парванда танқид кард ва гуфт, таҳқиқоти одилона бояд нухбагони низомиву амниятии ин кишварро низ фаро бигирад.
XS
SM
MD
LG