Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон имрӯз ба истифодаи урани худӣ шурӯъ мекунад


Телевизиони Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломӣ имрӯз дар як таъсисоти ҳастаияш ба ҳайси ашёи хом барои ғанисозӣ урани сохти дохилиро истифода хоҳад бурд. Ин эълон ҳамагӣ як рӯз қабл аз шурӯъи музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон бо гурӯҳи “5 ҷамъи 1” нашр шуд. Раҳбари созмони ҳастаии Эрон Алиакбар Солеҳӣ дар телевизион аз ин нахустин бастаи урани худӣ истиқбол кард. Баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон бо 5 узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон рӯзҳои 6 ва 7 декабр дар Женева хоҳад гузашт. Ғарб бар ин назар аст, ки ҳадафи Эрон аз барномаҳои ҳастаияш сохтани бомби ҳастаист. Вале Эрон мегӯяд, ин барномаҳояш табиати сулҳомез доранд.
XS
SM
MD
LG