Пайвандҳои дастрасӣ

Як шаҳрванди Русия дар Бритониё бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда, дар интизори ихроҷаш ба Русия ба сар мебарад. Бино ба гузориши матбуоти Бритониё, Катя Затуливетери 25-сола ба ҳайси ёвари як вакили парлумони Бритониё, ки ба Русия хеле таваҷҷӯҳ дошт, кор мекард.

Гузоришҳо ҳокист, ки Катя Затуливетер, ёвари Майк Ҳанкок, намояндаи ҳизби либерал-демократ ва узви кумитаи дифоъи парлумони Бритониё будааст.

"Ҷосуси хуфта"


Бино ба навиштаи рӯзномаи "The Sunday Times", дар хадамоти зиддииктишофии Бритониё - MI5 - бар ин боваранд, ки Затуливетер ба сурати махуф барои мақомоти иктишофии Русия кор мекард ва ба истилоҳ, “ҷосуси хуфта” буд.

Ин нашрия бидуни бурдани ном аз қавли як манбаъи амниятӣ мегӯяд, ҳузури Затуливетер дар Бритониё “ба сӯди амнияти миллӣ нест” ва “ончӣ, ки ин хонум дастрасӣ дошт, ҷойи ягон хубӣ надорад ва акнун ҳадаф ин аст, ки ба ӯ дари баромадро нишон диҳанд.”

Майк Ҳанкок эътироф кард, ки ёвари ӯ мавриди ҳукми ихроҷ қарор гирифтааст, вале ӯ гумонҳо дар бораи ҷосус будани хонум Затуливетерро радд кард. “Sky News” аз қавли Ҳанкок навишт, ки Затуливетер “бознигарии ин амрро мехоҳад, чунки худро ба ин далел, ки кори хатое накардааст, ҳақ мешуморад.”

Вазорати умури дохилаи Бритониё гуфт, аз шарҳи чунин мавридҳои алоҳида худдорӣ мекунад.

Ҳамкории ҳадафмандона бо вакили парлумон

Бино ба хабарҳо, MI5, Хадамоти зиддииктишофии Бритониё бар ин бовар аст, ки Катя Затуливетер ҳадафмандона ҳамкорӣ бо Майк Ҳанкокро ихтиёр кардааст, чунки ин вакили парлумон ба Русия таваҷҷӯҳи зиёд нишон медод.

Майк Ҳанкоки 64-сола, ки дар парлумон аз ҳавзаи Портсмиф намояндагӣ мекунад, Катя Затуливетерро дар пайи як дидор бо ӯ дар Страссбурги Фаронса истихдом кардааст. Ҳанкок, ки узви маҷмаъи байнипарлумонии Шӯрои Аврупост, пайваста ба Страссбург сафар мекард. Бино ба гузоришҳо, Затуливетер пеш аз шурӯъи кор ба ҳайси ёвари вакили парлумони Бритониё таҳти озмоишҳои амниятӣ низ қарор гирифта буд.

Бар пояи гузоришҳои қаблии расонаҳои Бритониё, Катя Затуливетер ҳанӯз моҳи август ҳангоми бозгашти дигарборааш ба Бритониё дар фурудгоҳи Гатвики Лондон мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифт.

Матбуоти Бритониё мегӯяд, аз замони хатми ҷанги сард барои нахустин бор як нафаре, ки барои парлумони Бритониё кор мекунад, ба ҷосусӣ ба нафъи Русия айбдор мешавад.

Дар тобистони соли ҷорӣ, Лондон Анна Чатмани 28-соларо, ки ҳамроҳ бо як ҳалқаи даҳнафара бо иттиҳоми ҷосусӣ аз Амрико ба Русия ихроҷ шуд, аз ҳаққи шаҳрвандии Бритониё маҳрум кард. Ин хонуми рус шаҳрвандии Бритониёро дар пайи издивоҷ бо як табааи ин кишвар дар Лондон ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG