Пайвандҳои дастрасӣ

Баргузории интихобот бо шеваҳои "шӯравӣ" дар Миср


Интизор меравад, ҳизби ҳокими раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз дар даври дуввуми интихоботи парлумонӣ аксарияти кулли ороро ба даст биорад. Ҳизби миллии демократии Миср дар пайи аз идомаи мубориза даст кашидани ду ҳизби мухолиф – Ихвон-ул-Муслимин ва Вафд- танҳо ба даври дуввум рафт. Мухолифин ба далели тақаллуби фаровон дар интихоботи рӯзи 28 ноябр даври дуввумро бойкот карданд.
Ихвон-ул-Муслимин, ки фаъолияташ расман манъ буда, аз номзадҳои ба сурати мустақил сабтиномшуда ҳимоят мекард, дар парлумони феълӣ 20 дарсади курсиҳоро зери назорат дошт.
Дар даври аввал ҳизби ҳоким беш аз 200 курсии вакилӣ, вале номзадҳои мустақил ва гурӯҳҳои хурди мухолифин ҳамагӣ 12 курсӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG