Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳо барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Соҳили Оҷ


Иттиҳоди кишварҳои Африқо гуфт, раисиҷумҳури собиқи Африқои ҷанубӣ Табо Мбекиро ба хотири ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Соҳили Оҷ ба ин кишвари ғарби қора мефиристад.
Ин созмон ҳамаи ҷонибҳоро бе хештандорӣ хонда, ҳушдор додааст, ки ин буҳрон метавонад мунҷар ба “пайомадҳои бешумор” шавад. Раисиҷумҳури феълии Соҳили Оҷ ё Кот д'Ивуар, Лоурент Гбагбо даъватҳои байналмилалӣ ҷиҳати эътирофи шикасташ дар интихоботро радд карда, рӯзи шанбе барои давраи нави раёсат савганд ёд кард. Ба дунбол, рақиби аслии ӯ - номзади мухолифин Алазан Аттара ҳам эълон кард, ки низ савганди раёсатҷумҳурӣ ёд кардааст.
СММ, Амрико ва Фаронса мегӯянд, ба бовари онҳо, даври дуввуми раъйгириро дар як ҳафтаи пеш номзади мухолифин бурдааст. Куммиссиюни интихобот қаблан Аттараро баранда эълон кард, вале ин тасмим аз сӯи Шӯрои Қонуни асосии Кот д'Ивуар, ки аз сӯи ёрони Мгагбо раҳбарӣ мешавад, лағв шуд.
XS
SM
MD
LG