Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Туту ва Ҳавел ба раҳоии Лю Зиаобо


Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Десмонд Туту ва раисиҷумҳури собиқи Чехия Васлав Ҳавел аз Чин даъват кардаанд, дигарандеш Лю Зиаоборо, ки ба ҷоизаи сулҳи Нобел сазовор шуд, ба хотири таъмини ҳузури ӯ дар расми эътои ин ҷоиза аз зиндон раҳо кунад. Расми эътои ҷоизаи сулҳи Нобел бояд рӯзи 10 декабр дар Осло, пойтахти Норвегия доир шавад, вале ба маҳзи ҳамчунон дар зиндон будани барандааш иҷрои ин маросим зери суол боқӣ мемонад. Дар матлабе, ки дар рӯзномаи бритониёии "Observer" нашр кард, newspaper, Ҳавел ва Туту менависанд, боздошти Лю Зиаобо “тимсоли бади сӯъитаҳаммули давлати Чин аст” ва дар сурати идомаи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон, режими коммунистии Пекин бо таҳдиди аз даст рафтани эътибораш ҳамчун раҳбари ҷаҳонӣ дучор хоҳад шуд.
Лю Зиаобо дар Чин бо ҷурми талоши барандохтани низом ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG