Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Афғонистон 678 миллион доллар кумак хост


СММ барои Афғонистон, ки беш аз 7 миллион нафар аз ҷамъияташ ба таҳдиди гуруснагӣ рӯбарӯ будаанд, 678 миллион доллар дархости кумак кард. Муовини ҳамоҳангсози кумакҳои изтирории СММ Катрин Брагг ин дархости кумак барои соли ояндаро эълон кард ва гуфт, кумакҳо ба Афғонистон бар асоси аслҳое, чун одамият, холисият, бетарафӣ ва чунон тавзеъ хоҳанд шуд, ки шумори бештари мардумро фаро бигиранд. Қаблан аз шеваи тақсими кумакҳо дар Афғонистон ва ҳатто сирқати маҳсулоти имдодӣ интиқод зиёд мекарданд.
Бо ин ҳол, мизони маргумири мардум дар Афғонистон ҳамчунон бад ва дар баландтарин мизон дар 10 соли охир боқӣ монда, ҳар кӯдаки панҷуми зери синни 5 дар ин кишвар ба иллати гуруснагиву шароити бади беҳдошт ё хушунат мемирад.
XS
SM
MD
LG