Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба “Google” Чинро гумонбар медонанд


Мукотиботи нашршудаи дипломатии Амрико ҳадс мезанад, ки шояд ҳамла ба сомонаи “Google” дар авоили соли ҷорӣ бо дастури мақомоти Чин сурат гирифта бошад. Ин ҳамлаи компутарӣ боис шуд, ки ин бузургтарин ширкати интернетӣ фаъолиятҳояш дар Чинро муваққатан мутаваққиф кунад.
Рӯзномаи "The New York Times" бо нақли қавл аз асноди нашршуда дар сомонаи “WikiLeaks” менависад, ҳамла ба “Google” аз сӯи Шӯрои давлатии Дафтари иттилооти Чин ҳамоҳанг шуда, таҳти назари ду узви Бюрои сиёсии ҳизби ҳокими коммунист сурат мегирифт.
“WikiLeaks” ахиран ба нашри ҳудуди 250 000 номаи маҳрамонаи дипломатии Амрико шурӯъ кард. Мақомоти Амрико ин иқдомро маҳкум мекунанд.
XS
SM
MD
LG