Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи набард бо сӯхтори бесобиқа дар Исроил


Мақомоти сӯхторнишонии Исроил мегӯянд, шояд имрӯз пеши роҳи густариши бештари бузургтарин оташсӯзии ҷангалистонҳо дар таърихи ин кишварро, ки 3 рӯз пеш дар шимоли Исроил оғоз ёфт, бигиранд. Барои фурӯ нишондани ин сӯхтор, ки алакай 41 нафарро ба коми худ кашид, ҳавопаймоҳои сӯхторнишон аз Русияву Туркияву Юнон ва Бритониёву Фаронса ҷалб шуда, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос низ ба Исроил пешниҳоди кумак кардааст. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз Аббос барои ин изҳори сипос кард.
Пулиси Исроил мегӯяд, ду навраси 16-соларо, ки гумон меравад, сӯхтор аз беэҳтиётии онҳо сар зада бошад, дастгир кардаанд. Бо онки ҳамагӣ 7 дарсади қаламрави Исроил дарахт дорад, оташсӯзии ахир қариб нисфи ҷангали Камелро нест кард.
XS
SM
MD
LG