Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ ба Узбакистон изҳори сипос кард


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, як идда аз мақомоти Узбакистон ба транзити борҳои марбут ба нирӯгоҳи Помир-1 мусоидат кардаанд. Раҳбари дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Узбакистон Такуя Камата ва корбари аршади ин ниҳод дар умури Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Томаш Телма дар як номаи расмӣ аз номи Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии молӣ ба вазорати умури хориҷа ва мақомоти гумруку марзбонӣ ва пулиси роҳи Узбакистон барои мусоидат ба транзити таҷҳизоти нирӯгоҳи Помир-1 изҳори сипос карда, ин амалро дар амри таъмини аҳолии манотиқи дурдасти Тоҷикистон бо нирӯи барқ муҳим хондаанд. Нирӯгоҳи Помир-1 тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон, Сандуқи Оғохон ва Бонки ҷаҳонист.
Боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ мояи танишҳои ҷиддие байни ду ҳамсоякишвар шудааст, боиси маътал шудани интиқоли борҳои муҳиме, аз ҷумла барои тармими нирӯгоҳи Помир-1 шуд.
XS
SM
MD
LG