Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 толибилми боқимондаро то поёни сол пас меоранд


То поёни моҳи равон беш аз 300 толибилми боқимондаи тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии хориҷӣ таҳсил мекунанд, низ ба ватан баргардонда хоҳанд шуд. Мудири шӯъбаи таҳсилоти динии кумитаи дини вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон Идибек Зиёев ҳамчунин гуфт, то имрӯз аз чунин мадорис ҳудуди 1000 донишҷӯи тоҷикро пас овардаанд. Қаблан вазорати хориҷа хабар дода буд, ки аз ин шумор тақрибан 600 нафараш ба Тоҷикистон ва боқӣ ба кишварҳои дигари муштаракулманофеъ ва умдатан ба Русия баргаштаанд. Маъракаи бозгардони толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ дар поёни моҳи август дар пайи як даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Оқои Раҳмон ин мадорисро манбаъи ба тундгароиву ҳатто терроризм гароидани ҷавонони тоҷик ном бурд ва аз волидайни онҳо хост, фарзандони худро пас бихонанд.
XS
SM
MD
LG