Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини раиси бахши минтақавии вазорати дохила дар Рашт


Дар пайи мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи афсароне, ки ба мақомҳои баланди вазорати умури дохила пешниҳод шудаанд, Мустафоқул Рустамов ба мақоми раиси бахши минтақавии аз нав таъсисёфтаи вазорати умури дохила дар водии Рашт таъйин шудааст.

Қаблан ҳадс зада мешуд, ки шояд ба ин симат Шоҳ Искандаров ё Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳони собиқи мухолифин дар он минтақа, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар водии Рашт напайвастааанд, интисоб шаванд.

Интисоби Рустамов ба ин симат дар ҳоле сурат мегирад, ки наздики 3 моҳ боз дар водии Рашт амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад. Мақомот мегӯянд, раҳбарии ин гурӯҳҳоро фармондеҳони собиқи мухолифин Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов бар дӯш доранд.

Барои бори нахуст, раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар водии Рашт ташкил шудааст, ки шӯъбаҳои милисаи панҷ ноҳия дар ин водӣ - Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Ғармро низ таҳти назорат мегирад.

Мақоми ин идора баробар бо мақоми раёсати вилоятӣ хоҳад буд.

Иқдоми дерҳангом вале дуруст

Бештари коршиносони умури сиёсӣ, ташкили раёсати умури дохилӣ дар Раштро ба ҳодисаҳои ахир дар ин минтақа рабт медиҳанд ва мегӯянд, ноамниҳои соли гузашта ва таҳаввулоти дараи Камароб дар соли равон, ҳукуматро ба гирифтани чунин тасмими муҳим водор кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари маркази таҳлилии “Диалог”, мегӯяд, ин раёсат аз шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ин водӣ, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов то соли 2008 сарварии онро бар дӯш дошт фарқ мекунад ва бештар барои ба низом даровардани амнияту оромӣ дар минтақа муваззаф хоҳад буд.

“Дигар на танҳо корҳои ҷиноӣ, балки низоми субот ва оромӣ ва ҳар кори дигаре, ки дар он ҷо мегузарад, ин раёсат зери контрол хоҳад гирифт. Албатта, авзоъи феълӣ тақозо кард, ки чунин як кор бошад ва эҳтимол барои дурнамо низ як чунин тасмим гирифта шудааст”, илова кард ӯ.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ташкили ин раёсатро барои муқобила бо нерӯҳои хориҷӣ дар шарқи кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Вай гуфт: “пас аз чанде сохтмони роҳи Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-Қирғизистон ба анҷом мерасад, ки дар пайи он рафту омад ба минтақаи шарқи кишвар зиёдтар мешавад ва будани раёсати умури дохилӣ ба манфиат аст.”

Ҷаноби Сафаров дар идома афзуд:“Дар ҳақиқат бояд яке аз раёсати нерӯманд дар ин минтақа ташкил шавад. Ба хотири ин, ки ин роҳ кушода аст ва нерӯҳои гуногуни ҷинояткор аз Қирғизистон ва Афғонистон метавонанд ба воситаи кӯҳҳо гузаранд ва нооромиҳоро ба вуҷуд оранд. Ин омилҳо сабаб шудааст, ки ин масъала аҳамият пайдо кунад”

Вале баъзе аз манобеъ мегӯянд, ташкили раёсати умури дохилӣ дар Рашт пешниҳоди ҷониби мухолиф барои музокира бо ҷониби ҳукумат будааст.
XS
SM
MD
LG