Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Испания вазъи изтирорӣ ҷорӣ карданд


Давлати Испания рӯзи шанбе ба хотири поён додан ба корпартоии нозирони парвозҳо дар саросари кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Ин дар ҳолест ки тайи 2 рӯзи корпартоии нозирони парвозҳо алакай садҳо ҳазор мусофир аз роҳи сафар монда, "Иберия”, ширкати миллии ҳавопаймоии Испания рӯзи шанбе ҳамаи парвозҳояшро лағв кард. Ноиби сарвазири Испания Алфредо Рубалкаба гуфт, баъди эълони вазъи изтирорӣ нозирони парвозҳо муваззафанд ба ҷойи кор баргарданд, вагарна бо ҷурми саркашӣ аз иҷрои ҳукми қонун ба масъулият ва ҳатто ба зиндон кашонида хоҳанд шуд. Аксари нозирони парвозҳо бо баҳонаи маризӣ ба кор ҳозир нашуданд, вале зоҳиран ин коршикание ҳамоҳангшуда дар пасманзари баҳси маош ва шароити кори онҳост.
Бино ба охирин хабарҳо, дар пайи эълони вазъи изтирорӣ бозгашти нозирони парвозҳо ба кор оғоз ёфтааст.
XS
SM
MD
LG